Эй хузури макдамат дар зиндаги бурхони ман текст песни

Обновлено: 23.11.2024

Ин гуна сурудҳои классикиро мо шартан «мақомҳои берун аз Шашмақом» номидем. Зеро онҳо ҳарчанд аз тарафи шашмақомхонон иҷро шаванд ҳам, дар гурӯҳбандӣ ба Шашмақоми тоҷик дохил намешаванд.

Бештари ин мақомҳо оҳангҳои мардумии бостонианд, ки таърихи чандинҳазорсола доранд ва дар замони худ ба силсилаи «Дувоздаҳмақом» шомил буданд.

Бахши дигар маҳсули оҳангсозӣ ва такмили ҳунармандони саршинохтаи тоҷик Содирхон Ҳофиз Бобошарифови Хуҷандӣ (1847-1931), Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулови Самарқандӣ (1852-1936), Худойбердӣ Ҳофизи Исфарагӣ бо лақаби Зебопарӣ (1826-1910), Умар Ҳофизи Исфарагӣ (1884-1935), Ака Шариф Ҷӯраеви Дарвозӣ (1896-1966) ва дигаронанд. Ҳофизони шашмақомхони имрӯза (Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Наимҷон Маҳкамов ва дигарон) низ баъзе оҳангҳои бостониро такмил додаанд.

Баёти 4

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)
(мақоми Баёт)

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омӯву дуруштиҳои ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.

Шеъри Рӯдакӣ

Гулъузорам

Суруди классикӣ дар ҳавои «Гулъузорим»-и Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ,
интихоби матни тоҷикӣ ва нахустиҷрои Ҷӯрабек Муродов
(бо тавсияи устод Сотим Улуғзода)

Рӯзгор ошуфтатар ё зулфи ту, ё кори ман?
Зарра камтар ё даҳонат, ё дили ғамхори ман?
Шаб сияҳтар ё дилат, ё ҳоли ман, ё ҳоли ту?
Шаҳд хуштар ё лабат, ё лафзи гавҳарбори ман?
Назми Парвин хубтар ё дурр, ё дандони ту?
Қомати ту росттар ё сарв, ё гуфтори ман?
Васли ту дилҷӯйтар ё шеърҳои нағзи ман?
Ҳаҷри ту дилсӯзтар ё нолаҳои зори ман?
Сабри ман кам ё вафои некувон, ё шарми ту?
Хубии ту бештар ё андӯҳу тимори ман?
Чашми ту хунрезтар ё чарх, ё шамшери шоҳ?
Ғамзаи ту тезтар ё теғ, ё бозори ман?
МАТНИ ШЕЪР:
Рӯзгор ошуфтатар ё зулфи ту, ё кори ман?
Зарра камтар ё даҳонат, ё дили ғамхори ман?
Шаб сияҳтар ё дилат, ё ҳоли ман, ё ҳоли ту?
Шаҳд хуштар ё лабат, ё лафзи гавҳарбори ман?
Назми Парвин хубтар ё дурр, ё дандони ту?
Қомати ту росттар ё сарв, ё гуфтори ман?
Васли ту дилҷӯйтар ё шеърҳои нағзи ман?
Ҳаҷри ту дилсӯзтар ё нолаҳои зори ман?
Меҳру маҳ рахшандатар ё ройи ман, ё ройи ту?
Осмон гардандатар ё хӯйи ту, ё кори ман?…
Сабри ман кам ё вафои некувон, ё шарми ту?
Хубии ту бештар ё андуҳу тимори ман?
Чашми ту хунрезтар ё чарх, ё шамшери шоҳ?
Ғамзаи ту тезтар ё теғ, ё бозори ман?

Ғазали Шопури Нишопурӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Ҷӯрабек Муродов. Гулъузорам.mp3

Гулъузорам (2)

Суруди классикӣ, оҳанги Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулови Самарқандӣ

Тарки соғар кардаму андар хумораш сӯхтам,
Тарки дилбар кардаму дар раҳгузораш сӯхтам.
То ба дарёи диле рафтам ба сад дарёдилӣ
Бе канораш об гаштам, дар канораш сӯхтам.
Содалавҳон ишқро нодида донистанду ман
Дидаму донистаму дар интизораш сӯхтам.
Бодахорон зиндагиро бо қадаҳ хӯрданду ман
Дар қатори оқилони ҳушёраш сӯхтам.
Аҳли дил сӯзанд агар аз нобарориҳои дил,
Ман ба саҳни зиндагонӣ аз барораш сӯхтам.
Сабзаҳо сӯзанд агар дар зери гармои тамуз,
Ман тару тоза дар оғози баҳораш сӯхтам.

Ғазали Лоиқ

Дугоҳ

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)
(мақоми Дугоҳи Ҳусайнӣ)

Гуфтӣ ба мо, ки он гули рухсор нозук аст,
Сар то ба пойи нахли қади ёр нозук аст,
Ҳарчанд гуфтугӯйи ту бисёр нозук аст,
Кам гӯ сухан, ки хотири дилдор нозук аст,
Бори гуҳар намекашад, ин тор нозук аст.

Мутриб, садои нағмаи дерин чӣ медиҳӣ?
Таклифи ман ба боғу раёҳин чӣ медиҳӣ?
Ҳар дам навиди лолаву насрин чӣ медиҳӣ?
Соқӣ, ту май ба ҷоми булӯрин чӣ медиҳӣ?
Аз гул пиёла соз, лаби ёр нозук аст…

Беҳуда гуфтугӯ накунам пеши чашми ёр,
Зеро ки табъи мардуми бемор нозук аст.

Мухаммаси Рофеъ бар ғазали Мулҳам

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Озода Ашӯрова. Дугоҳ.mp3

Дугоҳ (2)

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)
(мақоми Дугоҳи Ҳусайнӣ)

Имшаб ту боз чашму чароғи кӣ будаӣ,
Ҷонам бисӯхт, марҳами доғи кӣ будаӣ?
Эй боғи навшукуфта, куҷо рафтаӣ чу абр,
Эй сарви наврасида ба боғи кӣ будаӣ?
Ман чун чароғ чашм ба роҳи ту доштаам,
Эй нури ҳар ду дида, чароғи кӣ будаӣ?
Дорам ҳазор тафриқа дар гӯшаи фироқ,
К-аз фориғони базм фароғи кӣ будаӣ?
Эй гул, ки ҷон зи бӯйи хушат тоза мешавад,
Мурдам зи рашк, атри димоғи кӣ будаӣ?
Боз ин ғубор чист, Ҳилолӣ, ба рӯйи ту?
Дар кӯйи маҳвашон ба суроғи кӣ будаӣ?

Ғазали Ҳилолӣ

Зулфи парешон

Соқӣ, магар аз базми ҳаё дар задаӣ боз?
Оташ ба дили шишаву соғар задаӣ боз.
Он зулфи парешон задаӣ, шона надорад,
Бар дафтари дилҳо зи чӣ мистар задаӣ боз?
Он зулфи парешон задаӣ, шона надорад,
Бар дафтари дилҳо зи чӣ мистар задаӣ боз?
Афрӯхтаӣ чеҳра зи тоби арақи шарм,
Бар кулбаи мо оташи дигар задаӣ боз.
Бо тирадилӣ кас нашавад маҳрами чашмат,
Эй сурма, чаро ҳалқа бар ин дар задаӣ боз?
Бедил, зи фурӯғи гуҳари назми ҷаҳонтоб
Доман ба чароғи маҳу ахтар задаӣ боз.
МАТНИ ШЕЪР:
Ҷоме магар аз базми ҳаё дарзадаӣ боз?
К-оташ ба дили шишаву соғар задаӣ боз.
Он зулфи парешон задаӣ шона, надонам,
Бар дафтари дилҳо зи чӣ мистар задаӣ боз?
Бар гӯшаи дастори ту он лолаи сероб,
Лахти ҷигари кист, ки бар сар задаӣ боз?
Эй соғари табхола, аз ин ташна саломе,
Хуш хайма бар он чашмаи Кавсар задаӣ боз!
Махмуриву мастӣ ҳама фарш аст ба роҳат,
Чун чашми худ имрӯз чӣ соғар задаӣ боз?
Абри чӣ баҳор аст, ки бар бисмили нозат
Теғи мижа бо барқ баробар задаӣ боз?
Ҳуш дор, ки парвози ғурурат нарабояд,
Дил байзаи ваҳм асту таҳи пар задаӣ боз!
Бар ҳастии мавҳум мачин хиҷлати таҳқиқ,
Бар киштии дарвеш чӣ лангар задаӣ боз?
Аз хок дамидан ба қабо сарфа надорад,
Эй гул, зи гиребони кӣ сар барзадаӣ боз?
Бедил, зи фурӯғи гуҳари назми ҷаҳонтоб
Доман ба чароғи маҳу ахтар задаӣ боз.

Ғазали Бедил

Каримқулбегии Содирхон

Суруди классикӣ, оҳанги Содирхон Ҳофиз Бобошарифови Хуҷандӣ

Ба сад афсона шаб дар хоб созам посбонашро,
Равам он дам ба коми дил бибӯсам остонашро.
Ба сад афсона шаб дар хоб созам посбонашро,
Равам он дам ба коми дил бибӯсам остонашро.
Пас аз мурдан аҷаб набвад, ки Маҷнун осиён ёбад,
Саги Лайлӣ агар рӯзе бибӯяд устухонашро.
Зи атри кокулаш аз сӯзи ҳиҷрон дил саросема,
Чу мурғи дом ба шаб гум карда бошад ошёнашро.
Гар ойӣ рӯзи ҳардис, он, ки бошад, мешавад ошиқ,
Чу шоҳонанд дар хизмат сагони остонашро.
Ҳумоюн, ончунон гум карда пай дар водии ҳиҷрон,
Ки пайдо нест, чандоне ки меҷӯям нишонашро.

Ғазали Ҳумоюн

Қалъабандӣ

Суруди классикӣ, оҳанги Акашариф (Шариф Ҷӯраев)-и Дарвозӣ

Эй ҳузури мақдамат, дар зиндагӣ бурҳони ман,
Мурда будам, зиндаам кардӣ, биё, эй ҷони ман.
Пеш меомад ба ҳар ҷо дар раҳат барги гуле,
Бурда буд оинае аз дидаи ҳайрони ман.
Баҳри побӯси ту ҳар ҷо сабзае сар мекашид,
Дошт бо худ нусхае аз касрати мижгони ман.
Интизорӣ доштам дар гӯшаи вайронае,
Юсуфистон кард фазлат кулбаи эҳзони ман.
Бедил, аз сози дилу дасти тиҳӣ шармандаам,
Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман.

Ғазали Бедил

Қалъабандӣ (2)

Суруди классикӣ, оҳанги Акашариф (Шариф Ҷӯраев)-и Дарвозӣ

Баъд аз ин ҳаргиз набинад ҳеҷ ғамхори дигар,
Ҳамчу ман майхораву мисли ту хуммори дигар.
Эй хирқаи пашмина бифрӯшему нафрӯшем хум,
Бар сари гесуи ту бандем зуннори дигар.
Май, агар ин асту ин масти азизон мекунӣ,
Бас намедорем мо ҷуз ошиқӣ кори дигар,
Соқӣ, медорӣ чандоне ки май аз дасти мо,
Эй мехӯрему боз мегӯем: «Як бори дигар!»
Ҳурмати дастори Ҳофизро бидор, эй майфурӯш,
Ки ҷуз ин кӯҳна надорад ҳеҷ дастори дигар.
Баъд аз ин ҳаргиз набинад ҳеҷ ғамхори дигар.

Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Ҷӯрабек Муродов. Қалъабандӣ.mp3

Қашқарчаи Ушшоқи Содирхон
(Қашқарчаи Содирхон)

Суруди классикӣ, оҳанги Содирхон Ҳофиз Бобошарифови Хуҷандӣ

Эй, ки мепурсӣ зи ман, к-он моҳро манзил куҷост,
Манзили ӯ дар дил аст, аммо надонам дил куҷост?!
Ҷони пок аст он парирухсор аз сар то қадам,
В-арна шакле инчунин дар нақши обу гил куҷост?!
Носеҳо, ақл аз муқимони сари кӯяш махоҳ,
Мо ҳама девонаем, ин ҷо каси оқил куҷост?!
Орзуи соқию пири муғон дорам басе,
Он ҷавони хубрӯ в-он муршиди комил куҷост?
Дар шаби васл аз суроғи моҳи гардун фориғам,
Инчунин моҳе, ки ман дорам, дар он маҳфил куҷост?!
Чун, Ҳилолӣ, ҳосили мо дарди ишқ омад басе,
Ишқбозонро ҳавои зӯҳди беҳосил куҷост?!

Ғазали Ҳилолӣ

1 2 3 4

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Читайте также: