Текст песни нисочон гулаки ман

Обновлено: 23.11.2024

полный текст газели Мухаммад Икбала

Ба фиғон на лаб кушудам, ки фиғон асар надорад,
Ғами дил нагуфта беҳтар, ҳама кас ҷигар надорад.

Чӣ Ҳарам, чи Дайр - ҳар ҷо сухане зи ошноӣ,
Магар ин ки кас зи рози ману ту хабар надорад.

Чи надиданист ин ҷо, ки шарар ҷаҳони моро,
Нафасе нигоҳ дорад, нафасе дигар надорад.

Ту зи роҳи дидаи мо ба замири мо гузаштӣ,
Магар он чунон гузаштӣ, ки нигаҳ хабар надорад.

Кас аз ин нигиншиносон нагузашт бар нигинам,
Ба ту месупорам онро, ки ҷаҳон назар надорад.

Қадаҳи хирадфурўзе, ки Фаранг дод моро,
Ҳама офтоб, лекин асари саҳар надорад.

Читайте также: